Iranians History on This Day
      имрӯз    дар бораи сайт    дар бораи муаллиф
  рӯз ва моҳи мавриди назарро таъин кунед 
   
(Cyrillic Version)  
    برگرداننده به حروف سیریلیک: دکتر منیژه رحیموا (رحیم زاده) 
 
Баргардон ба хати сирилӣ: доктор Манижа Раҳимзода   


 

 Jun 15 
Дастури эҳёи санъати фарши Эрон бо асолати бостониаш
эҳёи тасвири ҳайвонот рӯи фарши Эрон дар даврони Сафавия
Шоҳ Исмоили Сафавӣ, ки дар моҳи марти соли 1502 мелодӣ шиааснои ашъариро мазҳаби расмии эрониён эълом кард, се моҳ баъд, 15 июни ҳамин сол дастуре барои эҳёи санъати фарши Эрон ба ҳамон гуна, ки дар аҳди Сосониён буд, содир кард, ки дар он таъкид бар бозгашт ба асолати қадими фарши Эрон ва истифода аз нақш ва тасвири гиёҳону ҳайвонот шуда буд. Дар давраи султаи Элхониён пас аз вуруди элҳои турки Мовароуннаҳр ба Эрон бофти фарш дар Эрон тағйир ёфт ва фаршҳои кӯчак ба худ шакли ҳандасии махсусро гирифт. Шоҳ Исмоил, ки як ҳукумати марказии неруманд дар Эрон ба вуҷуд оварда буд, дар соли 1508 Бағдодро тасарруф кард ва дар соли 1510-и мелодӣ ӯзбакҳо ба раёсати Муҳаммадхони Шайбониро шикаст дод ва ҳукумати Самарқандро ба Бобур аз амирони Темурӣ супурд, вале дар моҳи августи соли 1514 неруҳои ӯ ба иллати надоштани аслиҳаи оташин – тӯпу туфанг – аз артиши Усмонӣ дар дашти Чолдарон шикаст хӯрданд ва ин шикаст муқаддимаи садҳо ҷанг миёни Эрон ва Усмониҳо (Туркия) шуд.
    
    
Қолинчаи порсии 4 миллион долларӣ
Фурӯши як қолинчаи порсии 390 сола дар ҳароҷи ашёи таърихӣ ва ҳунарӣ дар Ню Йорк рӯзи 3 июни соли 2008 ба маблағи 4 миллион ва 450 ҳазор доллар таваҷҷӯҳи мухотабони расонаҳоро барои муддате аз гузоришҳои сиёсӣ баргирифт ва ба ҳунари эронӣ маътуф сохт. Соири ахбори он бахши хабарии расонаҳои савтӣ ва тасвирӣ, марбут ба дидори нахуст вазири Ироқ дар Теҳрон бо раҳбари Эрон ва дарёфти ин ихтор аз ӯ буд, ки бо Омрико мувофиқатномае мабнӣ бар мондани неруҳои он кишвар баъд аз соли ҷорӣ 2008 дар Ироқ имзо накунад; ҳамчунин дархости такрории Буш аз сарони кишварҳои мавриди боздид дар Урупо, ки бар таҳрими Эрон бияфзоянд ва ...
    Қолинчаи порсӣ, ки ба фурӯш рафт бофти Исфаҳон (пойтахти вақт) дар даврони подшоҳии шоҳ Аббоси Якум буд, ки дар бофти он нахи абрешим ва ҳабдаҳ ранги мухталиф бакор рафтааст. Ин қолинча мутааллиқ ба бону Дурс Девак буд, ки дар соли 1993 вафот кардааст. Профессор Артур Поп эроншинос маъруф дар таълифи худ “Муруре бар ҳунарҳои эронӣ” ба чигунагии ин қолинча ишора кардааст.
    
Ҳамкории эронитаборҳо ба тавсеаи меҳани ниёкон
Ширкати ҳиндии “ТАТА стил груп” 13 июни соли 2005 дар Бомбей эълом кард, ки ду тарҳи пӯлодсозии бузургро дар Бандар Аббос пиёда хоҳад кард; яке бо мушорикати як ширкати эронии вобаста ба давлат ва дигарӣ мустақилан, ки ҷамъи сармоягузорӣ аз як миллиарду дусад миллион доллар бештар хоҳад буд. Таърихӣ будан ва аҳамияти ин хабар аз он ҷиҳат аст, ки оғози хубе барои мушорикати порсиёни Ҳинд дар тавсеаи меҳани ниёкон аст. Гурӯҳи санъатии ТАТА як қарн пеш тавассути “Ҷамшедҷӣ”-и порсии маъруфи Ҳинд бунёдгузорӣ шудааст. Ҷамшедҷӣ ба падари саноеъи Ҳинд маъруф ва аз пешравони пӯлодсозӣ дар ҷаҳон аст. Таъсисоти пӯлодсозии Ҷамшедҷӣ дар деҳкадаи Сокчӣ Ҳинд бино ниҳода шуд, ки ба Ҷамшедпур (шаҳри Ҷамшед) таҷдиди ном шудааст.
    Ин гурӯҳ ҳамчунин ба вуҷудоварандаи таъсисоти сершуморе дар Ҳинд аст, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии Ҳинд (Эйр Индиа), институти улуми Ҳинд (дар Бангалор), бунгоҳи гидроэлектрикии Ҳинд, ҳотелҳои занҷираии Тоҷ ва ... ҳамин хонавода таъсисоти фарҳангии мутааддид ба Эрон эҳдо кард, аз ҷумла дабиристони Анушервони Додгарро дар Теҳрон. Қарор буд, ин гурӯҳ бонии таъсисоти санъатӣ дар Эрони даҳаи 1930 шавад ва ширкати ҳавопаймоӣ таъсис кунад, ки Ризошоҳ (бо нияти пешгирӣ аз нуфузи инглисиҳо дар Эрон) ба Олмон наздик шуд ва Ватани мо ба таҳрики Инглистон ба ишғоли низомии муттафиқин даромад ва пешрафтҳои 16 сола мутаваққиф монд.
    Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки бисёре аз мудирону муассисони ширкатҳои электронии пешрафта дар Бангалори Ҳинд (пойтахти саноеъи компютерӣ) порсиёни Ҳинд ҳастанд, мушорикати ҷорӣ фасли тозаеро хоҳад кушод, ки эронитаборҳо аз саросари гетӣ ба кӯмаки якдигар бишитобанд ва меҳани бостониро то сатҳе, ки сазовори он аст, боло бибаранд.
    Ҳамкориҳои эрониён ва ҳиндиён тозагӣ надорад ва кори чандҳазорсола аст. То оғози даҳаи 1340 чоряки бозаргонони Теҳронро ҳиндиён ташкил медоданд, ки тадриҷан фаъолияти худро аз Теҳрон ба Омрико ва Канада мунтақил карданд. Мавзӯи муомилаи бузурги нефту газ аз ҷумла доду гирифтҳои тозаи Эрону Ҳинд аст, ки дар маҳофили Ғарб бо диққат мутолиа ва дунбол мешавад.
    
    
Магна Карта – фармони озодиҳо ва пайдоиши ҳукумати порлумонӣ
боқимондаи нусхаи аслии фармони бузурги озодиҳо
Имрӯз солрӯзи имзои фармони Магна Карта Либерасиум (фармони бузурги озодиҳо) аст ва Кинг Ҷон подшоҳи вақти Инглистон зери фишори бузургони кишвар ва генералҳои артиши онро дар 15 июни соли 1215 мелодӣ имзо ва мӯҳр кард, ки оғози пайдоиши ҳукумати порлумонӣ дар ҷаҳон аст ва ҳукуматеро порлумонӣ гӯянд, ки интихоби раиси қувваи муҷрия тавассути порлумон ба амал ояд, на мустақиман аз сӯи мардум ва дар ин навъ демократия, қувваҳои иҷроия ва муқаннанаи кишвар дар дасти ҳизби аксарият ва ё эътилофӣ аз аҳзоби ҳамгун аст. Агар давлат эътилофӣ бошад демократитар ва чандсадоӣ аст; зеро ҳатто бо хуруҷи кӯчактарин ҳизб аз эътилоф, давлат аз ҳам мепошад ва бинобар ин маҷбур аст ба ҳама назарот таваҷҷӯҳ дошта бошад. Албатта, пеш аз Инглистон як “кишвари шаҳр” дар Италия ҳам дорои ҳукумати порлумонӣ шуда буд.
    Магна Карта, ки дар он замон паймони созиш миёни подшоҳ ва шомили 63 бузургони Инглистон иборат буд, дар асл ба манзури пешгирӣ аз худсарии “Шоҳ” танзим шуда буд, вале дар он поён додан ба фасоди идорӣ таъкид ва муҷозот бидуни муҳокима, муҳокима бидуни ҳузури ҳайъати мунсифа, мусодираи ғайриқонунии амвол ва тавқифи ғайриқазоии афрод ва вазъи молиёт ва аворизи бидуни ҳузур ва раъйи намояндагони молиётдиҳандагон манъ шуда буд, ки пояи ҳокимияти миллат, қонунмандии умур ва адолат қарор гирифт ва онро яке аз авомили бартарӣ ёфтани Урупо хондаанд.
    
    
    
    
    
Ҳадяи муаллиф
Ин сайти мустақил ва озод, ҳадяи ночизи муаллифи он ба ҳамаи эрониён, эронитаборҳо ва порсизабонон аст, ки эшонро аз ҷон азизтар дорад; ва хидмате меҳанӣ ва омӯзишӣ, ки хидмат ба Меҳан, ҳамватанон ва эронитаборҳо як вазифа, рисолат ва қарзе аст, ки бояд шариф ва халалнопазир бошад ва дар роҳи анҷоми вазифаи меҳанӣ ниёз ба ҳимояти моддии эҳдоӣ набояд бошад ва нахоҳад буд. Интихоби мавзӯъ барои нигориш ва пешниҳод дар сайт назари шахсии муаллиф аст.
 



 



 




 
 Contact Author: historian [at] copper.net

 Designed & Developed by: Aftabsoft Co. 2008