Iranians History on This Day
      имрӯз    дар бораи сайт    дар бораи муаллиф
  рӯз ва моҳи мавриди назарро таъин кунед 
   
(Cyrillic Version)  
    برگرداننده به حروف سیریلیک: دکتر منیژه رحیموا (رحیم زاده) 
 
Баргардон ба хати сирилӣ: доктор Манижа Раҳимзода   


 

 Nov 10 
Ду ҳазору 523-мин солрӯзи кушоиши оброҳи баҳрии Баҳри Сурх ба дарёи Нил, ки ба тасмими Дориюши Бузург сохта шуд
12 ноябри соли 518 пеш аз мелод, сохтмони оброҳ миёни Баҳри Сурх ва дарёи Нил бо мақсади убури киштиҳои Эрон аз Халиҷи Форс ба Баҳри Миёназамин такмил шуд.
    Сангнавиштаҳои ба даст омада нишон медиҳад, ки пас аз итмоми кори ҳар қисмати ин оброҳ, ҷузъиёти кор бар санг ҳак ва дар маҳал насб мешавад, ки шарҳи он дар китоби мисршиноси олмонӣ Карл Мислиок “Торику рӯшанҳои Мисри Бостон” омадааст, ки ин китоб тавассути Девид Луртан ба инглисӣ тарҷума шуда ва донишкадаи Карнели Омрико онро мунташир кардааст.
    Ба навиштаи Девдорас Сикулус, ин оброҳ ба тасмими Дориюши Бузург ва асосан бо ҳадафи низомӣ сохта шуда буд, ки бостоншиносон ва муаррихон онро аз корҳои бузурги башар дар қарнҳои қадим эълом доштаанд.
    Миср дар соли 525 пеш аз мелод тавассути Комбузиё (Комбиз) писар ва ҷонишини Куруши Бузург тасарруф шуд ва то соли 404 пеш аз мелод (ба муддати 121 сол) яке аз устонҳои Эрон буд.
    Хашоёршоҳ низ чунин оброҳе дар Юнон сохт, ки бо ҳаффориҳои даҳаи гузашта ба даст омадааст.
    
    
    
    
    
    
Солрӯзи даргузашти Вил Дуронт, ки эрониёнро мардумоне меҳандӯст, андешаманд ва боҳуш ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст
пешҷилди роҳнамои китоби 11 ҷилдаи “Таърихи тамаддун” бо акси профессор Вил Дурант ва Орил
Вил Дурант, муаррих, файласуф ва нависандаи омрикоӣ ва муаллифи “Таърихи тамаддун”, ки эрониёнро мардумоне меҳандӯст, мутафаккир ва боҳуш хондааст, 5 ноябри соли 1981 даргузашт. Вай дар соли 1885 ба дунё омада 96 сол умр дидааст.
    Ӯ эътироф кардааст, ки бидуни ҳамсари дилбандаш, Орил муваффақ ба навиштани таърихи тамаддуни чандинҷилдии худ намешуд, ки кори таҳрири он ним қарн тӯл кашид. Асари ӯ, ки ҷилд ба ҷилд пас аз омода шудан интишор меёфт, ҷамъан дар 17 миллион нусха чоп шудааст.
    Дуронт матолиби китобро ба Орил дикта мекард. Алоқаи ин зану шавҳар ба қадре буд, ки дар соли 1981 пас аз интиқоли Дурант ба бемористон, Орил аз лаҳзае, ки аз доктор шунид, ки шанси зинда мондани шавҳараш андак аст, дигар лаб ба хӯрок назад то даргузашт. Қалби Дурант низ пас аз вафоти Орил, аз ҳаракат бозмонд ва зану шавҳар ҳарду дар як рӯз дар канори ҳам дафн шуданд. Орил 13 сол ҷавонтар аз Дурант ва қаблан шогирди ӯ буд.
    
Орил, ҳамсари Дурант

Хонаводаи Орил аз Русия ба Омрико муҳоҷират карда буданд ва ҳангоми вуруд ба Омрико, Орил яксола буд.
    Дурант пеш аз навиштани китоби “Таърихи тамаддун” китоби таърихи фалсафа, усули ҳикмат ва масоили иҷтимоии даврони муосирро таълиф карда буд.
    Дурант аз ҷавонӣ ба сотсиализм ба унвони равише, ки хоҳад тавонист ба баробарии инсонҳо дар тӯли зиндагонӣ ва рифоҳу саодати онон биянҷомад, дил баст ва бар хилофи назари модараш, ки моил буд писараш кашиш шавад, ба таҳсили таърих, фалсафа ва адабиёт пардохт ва сипас ба пажӯҳиш ва кори таълиф пардохт.
    Мардуми қадршинос номи Дурантро ки ба дарёфти олитарин нишони озодӣ ноил шуда ва бунёди Дурант ба иртиқои фарҳанг ва адабиёт саргарм аст, натанҳо бар хиёбонҳои шаҳрҳо ва мадрасаҳо ва донишкадаҳо гузоштаанд, балки шаҳракҳои сершумор, рӯзнома ва ҳатто ҳотел ба исми вай номгузорӣ кардаанд.
    Риштаи суханрониҳои Дурант дар бораи адабиёти Эрон дар даҳаи 1950 дар донишгоҳи Колумбия, беш аз пеш мардони фикри меҳани мо дар асрҳои миёнаро ба ҷаҳониён шиносонид. Вай як ҷаласаи тамом, танҳо ба тафсири ин байти Ҳофиз пардохта буд, ки гуфта буд: ғулом ва бандаи онам, ки зери чархи кабуд – заҳр чи қайди тааллуқ пазирад озод аст.
    Дурант дар бораи Фирдавсӣ гуфтааст, ки дар меҳандӯстӣ, ҳамтои Фирдавсӣ ба дунё нахоҳад омад ва аз ин бобат, Эрон дар ҷаҳон сарзамине беҳамто аст.
    Муруре бар таҳрикоти ӯ ин нукоти муҳимро ба даст медиҳад:
    Тамаддун бо назми умумӣ оғоз мешавад, бо озодӣ рушд мекунад ва дар ҳараҷу мараҷ ва беқонунӣ аз миён меравад ва ман кашф кардаам, ки озодӣ маҳсули назм аст, миллате ки аз як омӯзишу парвариш хубу пешрафта баҳра бигирад ба ҳама чиз хоҳад расид, агар давлатмардон рӯзҳои пирӣ ва нотавонии худро битавонанд дар назар биёваранд, камтар ба нотавонон зулм хоҳад кард; мурувват яъне ситаму раво надоштан ба мағлуб, барканор шуда, шикаст хӯрда ва нотавон; тамаддунро намешавад бо фатҳу ғалаба аз миён бурд; тамаддун танҳо аз дарун вайрон мешавад; маданият дар ҷомеа бо риояти баробарҳуқуқи инсонҳо шукуфо ва борвар мешавад ва фарқгузорӣ кардан решаи онро мехушконад. Агар рӯдхонаи тамаддун девора ва селгир надошта бошад, мумкин аст вайронгарӣ кунад. Мардум барои фарзандонашон ба ҷои мол бояд маданият ба ирс бигузоранд, бар хилофи тасаввур бо демократия танҳо наметавон ба падидаи ҷанг поён дод, вале бо маданият мумкин аст; саломати милал муҳимтар аз сарвати миллат аст, камтар сиёсатмадор ва давлатмард ёфт мешавад, ки моралист будан дошта бошад, китобнависӣ лаззат бахшидани ҳирфаҳо, муассиртарин корҳо ва беҳтарин хадамот аст, донишомӯхта касе аст, ки бидонад ки ҳанӯз чизе намедонад ....
    
    
    
    
    
    
Зодрӯзи ду ихтироъкунандаи маъруфи рус: Туполев ва Калашников
Андрей Туполев

Андрей Туполев, тарроҳ ва ихтироъкунандаи беш аз сад навъи ҳавопаймо, 10 ноябри соли 1888 дар Русия ба дунё омад, номзад илмҳои муҳандисии механикӣ ва технология шуд ва даст ба кори сохти ҳавопаймо зад ва яке аз муассисони институти улуми ҳавоӣ-фазоии ватанаш буд. Маъруфтарин ҳавопаймое, ки Туполев тарроҳӣ кард, Туполевҳои 134 ва 154 (ТУ) ҳастанд. Вай бо сохтани бомбаафкани дурпарвоз Туполев 95, ки қодир буд кураи заминро давр бизанад, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Инглистон ва Омрико, сарфи назар аз камунист будани Туполев, ба ӯ унвони узвияти ифтихории академияҳои улуми худро доданд. Туполев, ки хидмати шоён ба Ватани худ карда буд, дар соли 1972 даргузашт. Писари ӯ, ки номзади улуми технология аст, аз тарроҳони маъруфи ҳавопаймо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Вай, ки ҷои падарро дар саноати ҳавопаймосозии Русия гирифтааст, тарроҳи ҳавопаймои суръат савти Туполев 144 аст.
    Тарроҳи бузурги дигари Русия, ки ӯ ҳам дар 10 ноябр ба дунё омадааст, муҳандис Михаил Калашников аст. Вай, ки дар соли 1919 ба дунё омадааст, инак 86 сол дорад ва ҳанӯз саргарми кору такмили ҷангафзор аст. Калашников низ муҳандиси механик буд, ки ҷанги ҷаҳонии дувум оғоз шуд ва ба унвони фармондеҳи танк ба ҷабҳа рафт ва дар он ҷо дар соли 1941 шадидан маҷрӯҳ шуд. Ҳамин ҷабҳа рафтан, ӯро созандаи аслиҳа кард. Ҳанӯз дар бемористон буд, ки як ихтироъи худро эълом дошт ва он дастгоҳи худкори шумориши фишангҳое буд, ки як танк шиллик мекард. Калашников сипас ба сохтани як туфанги худкори ҳамакора пардохт ва дар соли 1947 онро ба итмом расонид, ки ба туфанги АК-47 маъруф аст ва маъруфтарин туфанги ҷаҳон ба шумор меравад. Калашников сипас ба такмили туфанги худ идома дод ва мусалсал РПК –ро сохт. Ӯ, ки ба кори туфангсозӣ идома медиҳад, ду бор аз давлати шӯравӣ медали қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гирифтааст. Калашников низ як камунист аст. Пас аз фурӯпошии шӯравӣ, намояндагони саноати аслиҳасозии Омрико аз ӯ ба кишвари худ даъват карданд ва пазироии муфассал ба амал оварданд, то ба иттифоқ дар Омрико туфанги Калашниковро бисозанд, ки вай напазируфт ва гуфт, ки агар як кишвари кӯчактар чунин пешниҳоде бидиҳад, мумкин аст бо назари мусбати онро баррасӣ кунад.
Калашников бо туфанги маъруфи АК 47


    
    
    
    
    
    
    
    
    
    
    
    
    
    
Ҳадяи муаллиф
Ин сайти мустақил ва озод, ҳадяи ночизи муаллифи он ба ҳамаи эрониён, эронитаборҳо ва порсизабонон аст, ки эшонро аз ҷон азизтар дорад; ва хидмате меҳанӣ ва омӯзишӣ, ки хидмат ба Меҳан, ҳамватанон ва эронитаборҳо як вазифа, рисолат ва қарзе аст, ки бояд шариф ва халалнопазир бошад ва дар роҳи анҷоми вазифаи меҳанӣ ниёз ба ҳимояти моддии эҳдоӣ набояд бошад ва нахоҳад буд. Интихоби мавзӯъ барои нигориш ва пешниҳод дар сайт назари шахсии муаллиф аст.
 



 



 




 
 Contact Author: historian [at] copper.net

 Designed & Developed by: Aftabsoft Co. 2008